Муассисаи Дорул ирфон
Ба номи ҳудо
Муассисаи фарҳангии дорул ирфон аз соли 1377 ҳ кори худро бо ҳадафи ҷамъоварии маҷмуъаи осори парокандаи донишманди фарзона устод Ҳусейни Ансориён оғоз намуд
Истиқболи хуби насли ҷавон ва фарҳангии кишвар дар си соли гузашта аз афкор ва андешаҳои устод Ансориён аз аҳамият ва ниёзи ин ҳаракат хабар медиҳад.
Бо дар назардошти қариб 40 сол ковиш дар осори исломӣ дар масоили мазоҳиби мухталиф аз тарафи устод осорашро дорои арзиши махсусе карда буд вале ба хотири набудани як маҷмуъаи мушахас барои муназам кардани ин осор наздик буд ин осор аз байн биравад
Соли 1377 ш муассисаи дорул ирфон кори худро оғоз намуд ва бо мушкилоти фаровон доманаи азими кор дар дастрас набудани осор бо тавфиқи парвардигор осори қаламии эшон ва 4000 соат суханронӣ аз наворҳои устод
ҷамъоварӣ гардид .
Маҷмуаи ин 4000 соат дубора шунида шуд ва ҳамааш дар зери 340 мавзӯъи куллӣ унвонгузорӣ шуд.
Муассисаи Дорул ирфон асоси кори худро бар танзим ва нашри навиштаҳои устоди муаззам қарор дод ки то кунун беш аз 50 унвон аз таьлифоти эшонро ки қариб ба 80 ҷилд китоб мебошад ва қисмате аз онҳо қаблан чоп шуда буд ва қисмате низ ба чоп нарасида будро бо таҳқиқи ҷомеъ дар дасти нашр дорад
Қобили зикр аст ки бахши таксир ва ироаи навор (касета) дар муассисаи Дорул ирфон аз соли 1379ҳш то поёни моҳи рамазони 1381ҳш бо камтарин имконот 4000 навори косетро дар ихтиёри ташнагони маъорифи илоҳи қарор додааст
Аз он ҷиҳат ки маҷмуъаи ин наворҳо бетакрор ва бар асоси устувортарин манобеъи асил мебошад бар асоси пешниҳоди теъдоде аз муҳақиқини бахши пажуҳишӣ фарҳангӣ муассисаи дорул ирфон тарҳи ҷомеи табдили ин маҷмуъаро ба китоб оғоз намуд то барои мондагор шудани ин осор ва ҳамчунин барои ин ки туллоб ва донишҷӯёну фарҳангиён аз ин маҷмуъа истифодаи беҳтаре бибаранд кумаке карда бошад
Дар инҷо бояд. ба тавфиқе ки барои роҳандозии ин шабакаи интернетӣ насиби ин муассиса шудааст ишора кунем, ки то кунун тароҳии он комил ва қариби 100 соат суханронӣ ва маҷмуъае аз китобҳои устод ва файли иртиботи мустақим бо устод роҳандози шудааст ки қобили истифода барои ҳамаи алоқамандони маорифи исломӣ мебошад
Дар поён худоро бар ин ҳама тавфиқ шокирем ва тавфиқи хидмат ба қурьон ва аҳли байти паёмбарро аз маҳзари муқаддаси худованд хосторем. Дар сурате ки иттилоъоти бештар аз ончӣ ки дар пойгоҳ ишора шудааст ё таҳияи осори устодро бихоҳед бо нишонии муассисаи ирфон иртибот барқарор намоед ва агар иртибот бо устодро бихоҳед метавонед аз почтаҳои электроникие ки қайд шудааст истифода кунед
Дар сурате ки моил бошед метавонед аз формҳои пурсишу посух барои суолҳо ва иртрбот истифода намоед.
Ба ҳамаи номаҳои шумо ки ба нишонии пойгоҳ менависед бо суръат ҷавоб дода хоҳад шуд. Барои ин ки ин пойгоҳро интихоб кардед аз шумо ташаккур мекунем.
|